РУКОВОДСТВО ПОЛЬЗОВАТЕЛЯ

ДОБРО ПОЖАЛОВАТЬ НА ОФИЦИАЛЬНЫЙ САЙТ НАЦИОНАЛЬНОГО ЦЕНТРА ЗАКОНОДАТЕЛЬСТВА ПРИ ПРЕЗИДЕНТЕ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН!

КАК РАБОТАТЬ С БАЗОЙ ЗАКОНОДАТЕЛЬСТВА РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КАК РАБОТАТЬ С ОФИЦИАЛЬНЫМ САЙТОМ - РЕГИСТРАЦИЯ И ВХОД

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

База Законодательства Республики Таджикистан

Введите ключевое слово
Введите номер (необязательно)
Введите ключевое слово или выражение (необязательно)
Выберите месяц и год (необязательно)
Выберите месяц и год (необязательно)
Выберите месяц и год (необязательно)
Содержимое:
Классификатор Номер Наименование Организация Датасортировать по возрастанию Статус Вложение
Қонун 1891 ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН О ЛИЧНОМ ПОДСОБНОМ ХОЗЯЙСТВЕ Маджлиси Оли Республики Таджикистан 19.07.2025 Действующий Иконка документа Microsoft Office WORD Иконка PDF PDF Иконка пакета ZIP
Содержимое:
Классификатор Номер Наименование Организация Датасортировать по возрастанию Статус Вложение
Закон 2141 Закон Республики Таджикистан ОБ ОРГАНИЧЕСКОМ ПРОИЗВОДСТВЕ Маджлиси Оли Республики Таджикистан 11.03.2025 Действующий Иконка документа Microsoft Office WORD Иконка PDF PDF Иконка пакета ZIP
Содержимое:
Классификатор Номер Наименование Организация Датасортировать по возрастанию Статус Вложение
Закон 2142 О МОРАТОРИИ НА ПРОВЕРКИ ДЕЯТЕЛЬНОСТИ СУБЪЕКТОВ ПРЕДПРИНИМАТЕЛЬСТВА Маджлиси Оли Республики Таджикистан 11.02.2025 Действующий Иконка документа Microsoft Office WORD Иконка PDF PDF Иконка пакета ZIP

Раҳнамои ҷавонон

-A A +A
Опубликовано ср, 25/02/2026 - 09:22 пользователем Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович
     Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохурӣ бо ҷавонони кишвар ва суханрониҳояшон ҷавононро неруи пешбари давлату ҷомеа ва парчамбардори миллату Ватан арзёбӣ намуда, онҳоро пайваста ба андухти дониш, аз худ кардани касбу ҳунар, гаравидан ба фарҳанг, ҳифзи марзу бум, садоқат ба Ватан, инсондустӣ ва корҳои созандагӣ ҳидоят мекунанд. Зеро, дар ҳар давру замон сарнавишти миллат ба насли ҷавон вобастагӣ дорад.
     Аз ҷумла, Президенти муҳтарами кишвар дар паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ, ки 16 декабри соли 2026 садо дод, дар мавзуи худшиносии миллӣ ва нақши пешбари ҷавонон дар ин самт чунин ибрози андеша намуданд.
     “Ҷавонон нерӯе мебошанд, ки ояндаи давлатро месозанд ва арзишҳои миллиро ба наслҳои оянда мерасонанд.
     Аз ин рӯ, худогоҳии миллӣ дар зеҳну тафаккури ҷавонон яке аз масъалаҳои муҳимтарини ҷомеаи муосир ба ҳисоб меравад.”
     Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гаштаву баргашта ҷавононро барои аз худ кардани илму маърифат, касбу ҳунар ва гиромӣ доштани гузаштаи пурифтихори худ даъват менамоянд. Зеро, соҳиб шудан ба илму маърифат ва касбу ҳунар, эҳтиром гузоштан ба гузаштаву имрузи миллати худ нишонаи талошҳои ҷавонон дар роҳи пешбурди зиндагии орому осоишта, бунёду нигаҳдории ҷомеаи фарҳангӣ, обод ва озоди Тоҷикистони азиз мебошад. Мушоҳидаҳо гувоҳӣ медиҳанд, ки самти асосии пешбурди ҷомеаи озоду обод, дур аз хушунату қонуншиканӣ дар тамоми давру замонҳо ҷавонон ба ҳисоб мераванд.
     Аз ин хотир беш аз пеш дар дили ҷавонон бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ, худшиносӣ ва ифтихор доштан аз марзу буми аҷдодӣ вазифаи асосии хонаводагӣ аст. Ҳар фарзанди дар ин руҳия тарбия намудаи хонавода, дар оянда такягоҳи сиёсат, забон, фарҳанг ва дигар арзишҳои миллату давлат хоҳад шуд. Хонавода нахустхиштҳои андеша ва гуфтору рафтори некро дар ҷисму ҷони ҷавонон мегузорад. Зеро, фазои хона созгор ба андешаву гуфтор ва рафтори нек бошад, албатта ҷавон аз хонадон, пеш аз ҳама аз падару модар барои худ як тӯшаи хуб дар роҳи зиндагӣ мегирад. Ва ин раванд оҳиста-оҳиста дар кӯдакистон ва мактабу донишгоҳ бо кӯшишу кашиши устодону омузгорон фарохиву устуворӣ пайдо мекунад.
     Худогоҳии миллӣ мазмуни дарк кардани мансубият ба миллат, эҳтиром ба гузаштаву имруза, забон, фарҳанг ва арзишҳои миллиро дорад. Ҷавоне, ки худогоҳ аст, аз гузаштагони худ ифтихор мекунад, забони модариро пос медорад ва худро пойбанди сарнавишти миллату меҳан мешуморад, метавонад дар оянда барои худу хонавода ва ҷомеа корҳои шойиста ба ҷо орад.
     Чунин ҷавонон метавонанд миллатро аз гум кардани асолату рисолати худ ҳифз менамоянд. Миллат кист?   Миллат дар умум ҳар фарди ҳамзабону ҳамфарҳанг, дорандаи гузаштаи муштарак, ки дар хоки аҷдодӣ ва ҳатто берун аз он зиндагӣ мекунад.
     Ватан чист? Ватан гаҳвораи мост. Марзу буми аҷдодӣ, ки мо дар он зода калон шудем, парвариш ёфтем.
     Пайванд ба ин, бояд дарҷ намуд, ки ҷавонон сипари давлату миллату меҳан мебошанд.
     Нигаҳбонии давлату миллат ва Ватани маҳбуб аз ҳар гуна хатарҳои даруниву берунӣ вазифаи шаҳрвандиву фарзандии онҳост. Онҳо барои ба ҷо овардани ин вому вазифаҳои худ аз нигоҳи ҷисмониву зеҳнӣ пайваста омода бошанд.
     Дар шароити ҷаҳонишавӣ, ки забону фарҳангҳо ба ҳам омехта мешаванд, ҷойгоҳи ҷавонон боз ҳам муҳим ва баланду боло мегардад. Агар ҷавон худогоҳии миллӣ надошта бошад, эҳтимол дорад, ки арзишҳои бегона ҷойи арзишҳои миллиро гиранд ва мо аз забону фарҳанги худ дар канор бимонем, ҳувияти миллии худро аз даст диҳем.
     Аз ин рӯ, омӯзиши гузашта, беҳдошти рузгори имруза, арҷгузорӣ ба забону фарҳанг ва суннатҳои миллӣ бояд ҷузви ҷудонопазири тарбияи ҷавонон ва ройу роҳи онҳо бошад.
     Ҷавонони худогоҳ на танҳо сухан мегӯянд, балки бо гуфтору кирдори хуб нишон медиҳанд, ки инсонпарвару Ватандӯст ҳастанд. Онҳо бо роҳи аз бар кардани дониши замона, анҷоми корҳои судманд, риояи қонун ва иштироки хеш дар кору рузгори ҷомеа ба рушди давлат ва ҳифзи марзу буми он саҳм мегузоранд. Ватандӯстӣ барои ҷавон танҳо эҳсос нест, балки вазифаи фарзандиву шаҳрвандӣ аст. Посбониву нигаҳбонӣ ва рушду нумуи Ватан вом бар души ҳар як фард, бахусус ҷавонон аст. Ватандӯстӣ, нигаҳбониву сохтану обод кардани он, нанг аст, номус аст. Ҳар кас, ки аз ин ройу роҳ дур аст, ӯ, дур аз нангу номус аст.
     Президенти маҳбуби кишвар ба масъалаҳои марбут ба ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, бо онҳо вохӯриҳои мунтазам баргузор мекунанд.
     Дар рафти чунин вохуриҳо ҷавонони тоҷикро дар роҳи бунёди давлати озоду обод, мардумӣ ва дунявӣ, ҳамчунин посбониву нигаҳбонии марзу буми ниёгон бо дастуру супоришҳои худ раҳнамун мешаванд.
     Сарвари давлат рисолати ҳар як ҷавони бо нангу ори тоҷикро дар нигаҳбонии арзишҳои миллӣ, фарҳанг ва таърихи пурарзиши гузаштагон муҳим шуморида, ёдрас мешаванд, ки ояндаи дурахшони кишвари азизамон, оромиву осоиши мардумамон дар дасти ҷавонони худогоҳ, Ватандӯст ва бо нангу ори сарзамини аҷдодӣ аст. Маҳз, чунин ҷавонони далеру тавоно, соҳиби донишу фарҳанг ва касбу ҳунар метавонанд меҳану мардумро ба дараҷаи зарурӣ нигаҳбонӣ кунанд.
     Ҳамин тавр, дар замина пайдо кардану сохт гирифтани худогоҳии миллӣ хонавода, кудакистон, дабистон, донишгоҳ, коргоҳу идора ва ҷомеа нақши басо муҳим доранд. Агар ҷавонон дар фазое, ки дар он арзишҳои миллӣ гиромӣ дошта мешаванд, парвариш ёбанд, онҳо низ касони худогоҳ ва меҳандӯст ба воя мерасанд.
     Имрӯз ҷаҳон беш аз ҳарвақта ноорому пурошӯб аст. Оташи ҷангҳои милливу фаромиллӣ рӯз аз рӯз доман паҳн мекунад.
     Дар ин росто, бо ҳимояи ҳаматарафи кишварҳои тавоно гуруҳҳои экстремистиву террористӣ созмон ёфта, барои ноором кардани кишварҳои навбунёду ру ба пешрафт, ба манфиати худ беш аз пеш авзои замонаро ноҷур месозанд. Бахусус бо истифода аз ҳиссиёти динӣ ҷавонони бедонишу ноогоҳро ба сафҳои худ ҷалб ва қурбони манфиатҳои нопоки худ мекунанд. Ин гуруҳҳои экстремистиву террористӣ бо мақсади дарёфи маблағ бо ҷалби чавонони ноогоҳ даст ба савдои одамон, гардиши маводи мухаддир, одамрабоӣ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ мезананд.
     Вобаста ба ин, хонадон, кудакистон, мактабу маориф, дигар ниҳодҳои дахлдор ва дар умум ҷомеа беш аз ҳарвақта ба тарбияи ҷавонон ру оранд, онҳоро барои аз худ кардани донишу ҳунар раҳнамун шаванд.
     Ҷавонон нерӯи пешбари давлату ҷомеа ба шумор мераванд. Зеро, онҳо забон ва фарҳанг ва дигар арзишҳои миллиро идома медиҳанд. Худшиносии миллӣ аз дарки ҳувият оғоз меёбад ва пеш аз ҳама онҳо бояд донанд, ки фарзанди кадом миллат ҳастанд.
     Ҷавонон бояд аз дирӯзу имрӯзи ҷаҳон огоҳ бошанд, қонунҳоро риоя кунанд, бо ҷинояту ҷинояткорӣ оштинопазир бошанд, бахусус бо амалҳои коррупсионӣ, экстремистиву террористӣ, савдои одамон ва дигар кирдорҳои ҷиноятӣ дар мубориза бошанд, даст ба корҳои созанда занад ва дар рушду нумуи кишвари худ саҳми худро гузоранд, худогоҳ бошанд.
     Дар ин замина, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ, ки 16 декабри соли 2026 садо дод, чунин гуфтанд: «Нахуст ман тоҷикам, пас мусулмон». Ин суханони Пешвои гиромифар ишора ба он менамоянд, ки ҳувияти миллӣ ва эҳсоси масъулият нисбат ба Ватан асоси худогоҳии ҷавонон ва пойдории Ватану миллат мебошад.
     Умуман, сиёсати ҷавонону масъалаҳои ба онҳо пайванд дар радифи муҳимтарин масъалаҳои давлатдории кишварамон ҷой дошта, ҷиҳати роҳандозии сиёсати давлатии ҷавонон дар кишвар аз ҷониби Ҳукумати мамлакат пайваста тадбирҳо андешида мешавад. Зеро, маҳз ҷавонони ифтихори миллӣ дошта, худогоҳу худшинос муаррификунандаи кишвари азизамон дар ҷаҳон ва ба рушду нумӯӣ тамоми соҳаҳо мусоидат карда метавонанд. Маҳз барои ҳамин ҳам ҷавонон ва умуман ҳар фарди ватандӯст барои аз худ намудани донишҳои замона, бахусус ба омухтану аз бар кардани фанҳои дақиқ, аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, кашф намудани дастгоҳҳои замонавӣ, кушиш намоянд ва ба озодиву ободии Ватани маҳбуб, сарватҳои он бирасанд. Аз оромиву осоиш ва ободии кишвари азизамон шукрона кунанд. Ояндаи миллат аз сатҳи дониш, фарҳанг ва худшиносии онҳо вобаста аст. Давлате, ки ҷавонони худогоҳ дорад, ҳамеша устувор, пешрафта ва соҳибихтиёр мемонад.
     Худогоҳии миллӣ барои ҳар як фарди ҷомеа, бахусус ҷавонон, аҳамияти ниҳоят калон дорад. Миллате, ки ҷавононаш забон, фарҳанги ва дигар арзишҳои милливу нажодии худро мешиносад, онро пос медорад, ояндаи устувор дорад. Худшиносӣ аз дарки ҳувият оғоз мешавад ва ҳар ҷавон бояд бидонад, ки решааш аз куҷо сар задааст ва ба чи арзишҳои заминиву осмонӣ пайванд аст.
     Барои ман муҳим аст, ки пеш аз ҳама худро фарзанди миллати тоҷик эҳсос намоям. Аз ҳамин хотир, ҳар яки мо бо ифтихор бояд бигуем, ки: “Нахуст ман тоҷикам, пас мусулмон”.
     Ин гуфта аслан мазмуни онро надорад, ки кас ба арзишҳои динӣ эҳтиром надорад, балки ин гуфтор баҳри он аст, ки ҳувияти миллӣ, забони модарӣ ва эҳсоси ватандорӣ пояи асосии одамии ҳар як инсон аст.
     Агар мо худшинос, соҳиби донишу фарҳанг бошем, метавонем дар пешрафти кишвар саҳми арзанда гузорем. Танҳо бо ҳамин роҳ худогоҳии миллӣ таҳким ёфта, ҷомеаро беш аз пеш ба оромиву ободӣ мекашад ва барои муҳайё гардидани зиндагии шойиста ба мардум мусоидат мекунад.
     Дар фароварди навиштаи худ мехоҳам ёдрас шавам, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раҳнамои мардуми тоҷик, бахусус ҷавонон мебошанд. Ҳар кас метавонад аз мактаби бузурги Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рӯзгори худ, хештаншиносӣ, ҳифзи  меҳану мардумӣ худ, баҳра барад.
Шоназаров Содиқ Ашурович,
Сардори шуъбаи қонунгузории сохтори давлатӣ,
мақомоти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Рейтинг контента: 
Средняя оценка: 5 (1 голос)